Surah 1: Al-Fatiha — الفاتحة

بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон!
ٱلْحَمْدُ لِلَّهِ رَبِّ ٱلْعَٰلَمِينَ
Ситоиш Худоро, ки Парвардигори ҷаҳониён аст.
ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
Бахшояндаи меҳрубон,
مَٰلِكِ يَوْمِ ٱلدِّينِ
Фармонравои рӯзи ҷазо.
إِيَّاكَ نَعْبُدُ وَإِيَّاكَ نَسْتَعِينُ
Танҳо Туро мепарастем ва танҳо аз Ту ёри меҷӯем.
ٱهْدِنَا ٱلصِّرَٰطَ ٱلْمُسْتَقِيمَ
Моро ба роҳи рост ҳидоят кун:
صِرَٰطَ ٱلَّذِينَ أَنْعَمْتَ عَلَيْهِمْ غَيْرِ ٱلْمَغْضُوبِ عَلَيْهِمْ وَلَا ٱلضَّآلِّينَ
роҳи касоне, ки онҳоро неъмат додаи, на хашмгирифтагонӣ бар онҳо ва на гумроҳон.

Surah 2: Al-Baqara — البقرة

الٓمٓ
Алиф. Лом. Мим
ذَٰلِكَ ٱلْكِتَٰبُ لَا رَيْبَ ۛ فِيهِ ۛ هُدًۭى لِّلْمُتَّقِينَ
Ин аст ҳамон китобе, ки дар он ҳеҷ шакке нест. Парҳезгоронро роҳнамост:
ٱلَّذِينَ يُؤْمِنُونَ بِٱلْغَيْبِ وَيُقِيمُونَ ٱلصَّلَوٰةَ وَمِمَّا رَزَقْنَٰهُمْ يُنفِقُونَ
«онон, ки ба ғайб имон меоваранд ва намоз мегузоранд ва аз он чи рӯзияшон додаем, инфоқ (харҷ) мекунанд».
وَٱلَّذِينَ يُؤْمِنُونَ بِمَآ أُنزِلَ إِلَيْكَ وَمَآ أُنزِلَ مِن قَبْلِكَ وَبِٱلْءَاخِرَةِ هُمْ يُوقِنُونَ
ва онон, ки ба он чи бар ту ва бар паёмбарони пеш аз ту нозил шудааст, имон меоваранд ва ба охират яқин доранд.
أُو۟لَٰٓئِكَ عَلَىٰ هُدًۭى مِّن رَّبِّهِمْ ۖ وَأُو۟لَٰٓئِكَ هُمُ ٱلْمُفْلِحُونَ
Эшон аз сӯи Парвардигорашон қарини ҳидоятанд ва худ наҷот ёфтагонанд.
إِنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ سَوَآءٌ عَلَيْهِمْ ءَأَنذَرْتَهُمْ أَمْ لَمْ تُنذِرْهُمْ لَا يُؤْمِنُونَ
Кофиронро Хоҳ битарсони ё натарсони, фарқашон накунад, имон намеоваранд.
خَتَمَ ٱللَّهُ عَلَىٰ قُلُوبِهِمْ وَعَلَىٰ سَمْعِهِمْ ۖ وَعَلَىٰٓ أَبْصَٰرِهِمْ غِشَٰوَةٌۭ ۖ وَلَهُمْ عَذَابٌ عَظِيمٌۭ
Худо бар дилҳояшон ва бар гушашон муҳр ниҳода ва бар рӯи чашмонашон пардаест ва барояшон азобест бузург.
وَمِنَ ٱلنَّاسِ مَن يَقُولُ ءَامَنَّا بِٱللَّهِ وَبِٱلْيَوْمِ ٱلْءَاخِرِ وَمَا هُم بِمُؤْمِنِينَ
Баъзе аз мардум мегӯянд: «Ба Худо ва рӯзи қиёмат имон овардаем». Ҳолл он ки имон наовардаанд.
يُخَٰدِعُونَ ٱللَّهَ وَٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ وَمَا يَخْدَعُونَ إِلَّآ أَنفُسَهُمْ وَمَا يَشْعُرُونَ
Инон Худову мӯъминонро мефиребанд ва намедонанд, ки танҳо худро фиреб медиҳанд.
فِى قُلُوبِهِم مَّرَضٌۭ فَزَادَهُمُ ٱللَّهُ مَرَضًۭا ۖ وَلَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌۢ بِمَا كَانُوا۟ يَكْذِبُونَ
Дар дилҳояшон маразест ва Худо низ бар маразашон бияфзудааст ва ба ҷазои дуруғе, ки гуфтаанд, барояшон азобест дардовар.
وَإِذَا قِيلَ لَهُمْ لَا تُفْسِدُوا۟ فِى ٱلْأَرْضِ قَالُوٓا۟ إِنَّمَا نَحْنُ مُصْلِحُونَ
Чун ба онҳо гуфта шавад, ки дар замин фасод накунед, мегӯянд: «Мо муслеҳонем» (некӯкоронем).
أَلَآ إِنَّهُمْ هُمُ ٱلْمُفْسِدُونَ وَلَٰكِن لَّا يَشْعُرُونَ
Огоҳ бошед, ки инҳо худ фасодкоронанду намедонанд.
وَإِذَا قِيلَ لَهُمْ ءَامِنُوا۟ كَمَآ ءَامَنَ ٱلنَّاسُ قَالُوٓا۟ أَنُؤْمِنُ كَمَآ ءَامَنَ ٱلسُّفَهَآءُ ۗ أَلَآ إِنَّهُمْ هُمُ ٱلسُّفَهَآءُ وَلَٰكِن لَّا يَعْلَمُونَ
Ва чун ба онон гуфта шавад, ки шумо низ ҳамонанди дигар мардумон имон биёваред, мегӯянд: «Оё мо низ ҳамонанди бехирадон имон биёварем?» Огоҳ бошед, ки онон худ бехирадонанду намедонанд.
وَإِذَا لَقُوا۟ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ قَالُوٓا۟ ءَامَنَّا وَإِذَا خَلَوْا۟ إِلَىٰ شَيَٰطِينِهِمْ قَالُوٓا۟ إِنَّا مَعَكُمْ إِنَّمَا نَحْنُ مُسْتَهْزِءُونَ
Ва чун ба мӯъминон мерасанд, мегӯянд: «Имон овардем». Ва чун бо шайтонҳои хеш хилват мекунанд, мегӯянд: «Мо бо шумо ҳастем, мо масқараашон мекунем».
ٱللَّهُ يَسْتَهْزِئُ بِهِمْ وَيَمُدُّهُمْ فِى طُغْيَٰنِهِمْ يَعْمَهُونَ
Худост ки онҳоро масхара мекунад ва онҳоро вомегузорад то ҳамчунон дар туғёни хеш саргардон бимонанд.
أُو۟لَٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ ٱشْتَرَوُا۟ ٱلضَّلَٰلَةَ بِٱلْهُدَىٰ فَمَا رَبِحَت تِّجَٰرَتُهُمْ وَمَا كَانُوا۟ مُهْتَدِينَ
Инҳо гумроҳиро ба ҳидоят хариданд, пас тоҷираташон суд накард ва дар шумори ҳидоятёфтагон дарнаёмадаанд.
مَثَلُهُمْ كَمَثَلِ ٱلَّذِى ٱسْتَوْقَدَ نَارًۭا فَلَمَّآ أَضَآءَتْ مَا حَوْلَهُۥ ذَهَبَ ٱللَّهُ بِنُورِهِمْ وَتَرَكَهُمْ فِى ظُلُمَٰتٍۢ لَّا يُبْصِرُونَ
Мисолашон мисли он касест, ки оташе афрӯхт, чун атрофашро равшан сохт, Худо рӯшнои аз онон бозгирифт ва нобино дар торики раҳояшон кард.
صُمٌّۢ بُكْمٌ عُمْىٌۭ فَهُمْ لَا يَرْجِعُونَ
Каронанд, гунгонанд ва бознамегарданд!
أَوْ كَصَيِّبٍۢ مِّنَ ٱلسَّمَآءِ فِيهِ ظُلُمَٰتٌۭ وَرَعْدٌۭ وَبَرْقٌۭ يَجْعَلُونَ أَصَٰبِعَهُمْ فِىٓ ءَاذَانِهِم مِّنَ ٱلصَّوَٰعِقِ حَذَرَ ٱلْمَوْتِ ۚ وَٱللَّهُ مُحِيطٌۢ بِٱلْكَٰفِرِينَ
Ё чун бороне сахт дар зулмат ҳамроҳ бо раъду барқ аз осмон фуруд ояд, то мабод, ки аз бонги раъд бимиранд, ангуштони хеш дар гушҳо кунанд. Ва Худо бар кофирон иҳота дорад. (бо илми худ).
يَكَادُ ٱلْبَرْقُ يَخْطَفُ أَبْصَٰرَهُمْ ۖ كُلَّمَآ أَضَآءَ لَهُم مَّشَوْا۟ فِيهِ وَإِذَآ أَظْلَمَ عَلَيْهِمْ قَامُوا۟ ۚ وَلَوْ شَآءَ ٱللَّهُ لَذَهَبَ بِسَمْعِهِمْ وَأَبْصَٰرِهِمْ ۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَىْءٍۢ قَدِيرٌۭ
Наздик бошад, ки барқ дидагонашонро нобино созад. Хар гоҳ равшан шавад, чанд қадаме бармедоранд ва чун хомуш шавад, аз рафтан бозистанд. Агар Худо мехост, гушҳояшонро кару чашмонашонро кур месохт, ки ӯ ба ҳар коре тавоност!
يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ ٱعْبُدُوا۟ رَبَّكُمُ ٱلَّذِى خَلَقَكُمْ وَٱلَّذِينَ مِن قَبْلِكُمْ لَعَلَّكُمْ تَتَّقُونَ
Эй мардум, Парвардигоратонро, ки шумо ва пешиниёнатонро биёфаридааст, бипарастед. Бошад ки парҳезгор шавед!
ٱلَّذِى جَعَلَ لَكُمُ ٱلْأَرْضَ فِرَٰشًۭا وَٱلسَّمَآءَ بِنَآءًۭ وَأَنزَلَ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءًۭ فَأَخْرَجَ بِهِۦ مِنَ ٱلثَّمَرَٰتِ رِزْقًۭا لَّكُمْ ۖ فَلَا تَجْعَلُوا۟ لِلَّهِ أَندَادًۭا وَأَنتُمْ تَعْلَمُونَ
Он Худованде, ки заминро чун гилеме бигустурд ва осмонро чун биное бияфрохт ва аз осмон обе фиристод ва бо он об барои рӯзии шумо аз замин ҳар гуна самарае бируёнид ва худ медонед, ки набояд барои Худо шариконе қарор диҳед!
وَإِن كُنتُمْ فِى رَيْبٍۢ مِّمَّا نَزَّلْنَا عَلَىٰ عَبْدِنَا فَأْتُوا۟ بِسُورَةٍۢ مِّن مِّثْلِهِۦ وَٱدْعُوا۟ شُهَدَآءَكُم مِّن دُونِ ٱللَّهِ إِن كُنتُمْ صَٰدِقِينَ
Ва агар дар он чӣ бар бандаи хеш нозил кардаем дар шак ҳастед, сурае ҳамонанди он биёваред ва ғайра Худо ҳамаи ҳозиронатонро фаро хонед агар рост мегӯед.
فَإِن لَّمْ تَفْعَلُوا۟ وَلَن تَفْعَلُوا۟ فَٱتَّقُوا۟ ٱلنَّارَ ٱلَّتِى وَقُودُهَا ٱلنَّاسُ وَٱلْحِجَارَةُ ۖ أُعِدَّتْ لِلْكَٰفِرِينَ
Ва ҳар гоҳ чунин накардаед, ки ҳаргиз натавонед кард, пас битарсед аз оташе, ки барои кофирон муҳайё шуда ҳезуми он мардумон ва сангҳо ҳастанд.
وَبَشِّرِ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ وَعَمِلُوا۟ ٱلصَّٰلِحَٰتِ أَنَّ لَهُمْ جَنَّٰتٍۢ تَجْرِى مِن تَحْتِهَا ٱلْأَنْهَٰرُ ۖ كُلَّمَا رُزِقُوا۟ مِنْهَا مِن ثَمَرَةٍۢ رِّزْقًۭا ۙ قَالُوا۟ هَٰذَا ٱلَّذِى رُزِقْنَا مِن قَبْلُ ۖ وَأُتُوا۟ بِهِۦ مُتَشَٰبِهًۭا ۖ وَلَهُمْ فِيهَآ أَزْوَٰجٌۭ مُّطَهَّرَةٌۭ ۖ وَهُمْ فِيهَا خَٰلِدُونَ
Ба онон, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, мужда деҳ, ки барояшон биҳиштҳоест, ки дар он наҳрҳо ҷорист. Ва ҳар гоҳ, ки аз меваҳои он бархурдор шаванд, гӯянд: «Пеш аз ин дар дунё аз чунин меваҳое бархурдор шуда будем, ки ин меваҳо монанд ба якдигаранд». Ва низ дар он ҷо ҳамсароне покиза доранд ва дар он ҷо ҷовидона бошанд.
۞ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَسْتَحْىِۦٓ أَن يَضْرِبَ مَثَلًۭا مَّا بَعُوضَةًۭ فَمَا فَوْقَهَا ۚ فَأَمَّا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ فَيَعْلَمُونَ أَنَّهُ ٱلْحَقُّ مِن رَّبِّهِمْ ۖ وَأَمَّا ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ فَيَقُولُونَ مَاذَآ أَرَادَ ٱللَّهُ بِهَٰذَا مَثَلًۭا ۘ يُضِلُّ بِهِۦ كَثِيرًۭا وَيَهْدِى بِهِۦ كَثِيرًۭا ۚ وَمَا يُضِلُّ بِهِۦٓ إِلَّا ٱلْفَٰسِقِينَ
Худо ибое надорад, ки ба пашша ва камтар аз он мисол биёрад. Онон, ки имон овардаанд, медонанд, ки он мисол дуруст ва аз ҷониби Парвардигори онҳост. Ва аммо кофирон мегӯянд, ки Худо аз ин мисол чи мехостааст? Бисёреро ба он гумроҳ мекунад ва бисёреро ҳидоят. Аммо танҳо фосиқонро гумроҳ мекунад.
ٱلَّذِينَ يَنقُضُونَ عَهْدَ ٱللَّهِ مِنۢ بَعْدِ مِيثَٰقِهِۦ وَيَقْطَعُونَ مَآ أَمَرَ ٱللَّهُ بِهِۦٓ أَن يُوصَلَ وَيُفْسِدُونَ فِى ٱلْأَرْضِ ۚ أُو۟لَٰٓئِكَ هُمُ ٱلْخَٰسِرُونَ
Касоне, ки паймони Худоро пас аз бастани он мешикананд ва он чиро, ки Худо ба пайвастани он фармон дода, мебуранд ва дар замин фасод мекунанд зиёнкоронанд.
كَيْفَ تَكْفُرُونَ بِٱللَّهِ وَكُنتُمْ أَمْوَٰتًۭا فَأَحْيَٰكُمْ ۖ ثُمَّ يُمِيتُكُمْ ثُمَّ يُحْيِيكُمْ ثُمَّ إِلَيْهِ تُرْجَعُونَ
Чӣ гуна Худоро инкор мекунед, дар ҳоле ки мурда будед ва ӯ шуморо зинда сохт, боз мемиронад ва зинда мекунад ва он гоҳ ба назди Ӯ бозмегардед.
هُوَ ٱلَّذِى خَلَقَ لَكُم مَّا فِى ٱلْأَرْضِ جَمِيعًۭا ثُمَّ ٱسْتَوَىٰٓ إِلَى ٱلسَّمَآءِ فَسَوَّىٰهُنَّ سَبْعَ سَمَٰوَٰتٍۢ ۚ وَهُوَ بِكُلِّ شَىْءٍ عَلِيمٌۭ
Ӯст, ки ҳамаи чизҳоеро, ки дар рӯи замин аст, бароятон биёфарид, он гоҳ ба осмон пардохт ва ҳар ҳафт осмонро барафрошт ва Ӯ аз ҳар чизе огоҳ аст!
وَإِذْ قَالَ رَبُّكَ لِلْمَلَٰٓئِكَةِ إِنِّى جَاعِلٌۭ فِى ٱلْأَرْضِ خَلِيفَةًۭ ۖ قَالُوٓا۟ أَتَجْعَلُ فِيهَا مَن يُفْسِدُ فِيهَا وَيَسْفِكُ ٱلدِّمَآءَ وَنَحْنُ نُسَبِّحُ بِحَمْدِكَ وَنُقَدِّسُ لَكَ ۖ قَالَ إِنِّىٓ أَعْلَمُ مَا لَا تَعْلَمُونَ
Ва чун Парвардигорат ба фариштагон гуфт: «Ман дар замин халифае меофаринам», гуфтанд: «Оё касеро меофарини, ки дар он ҷо фасод кунад ва хунҳо бирезад ва ҳол он ки мо ба ситоиши Ту тасбеҳ мегӯем ва Туро ба поки иқрор мекунем?». Гуфт: «Ман он донам, ки шумо намедонед».
وَعَلَّمَ ءَادَمَ ٱلْأَسْمَآءَ كُلَّهَا ثُمَّ عَرَضَهُمْ عَلَى ٱلْمَلَٰٓئِكَةِ فَقَالَ أَنۢبِـُٔونِى بِأَسْمَآءِ هَٰٓؤُلَآءِ إِن كُنتُمْ صَٰدِقِينَ
Ва ноҳоро ба тамомӣ ба Одам биёмухт. Сипас онҳоро ба фариштагон арза кард. Ва гуфт: «Агар рост мегӯед, Маро ба номҳои инҳо хабар диҳед».
قَالُوا۟ سُبْحَٰنَكَ لَا عِلْمَ لَنَآ إِلَّا مَا عَلَّمْتَنَآ ۖ إِنَّكَ أَنتَ ٱلْعَلِيمُ ٱلْحَكِيمُ
Гуфтанд: «Муназзаҳӣ (покӣ) Ту. Моро ҷуз он чӣ Худ ба мо омӯхтаӣ, донише нест. Тӯӣ донои ҳаким!»
قَالَ يَٰٓـَٔادَمُ أَنۢبِئْهُم بِأَسْمَآئِهِمْ ۖ فَلَمَّآ أَنۢبَأَهُم بِأَسْمَآئِهِمْ قَالَ أَلَمْ أَقُل لَّكُمْ إِنِّىٓ أَعْلَمُ غَيْبَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ وَأَعْلَمُ مَا تُبْدُونَ وَمَا كُنتُمْ تَكْتُمُونَ
Гуфт: «Эй Одам, онҳоро аз номҳояшон огоҳ кун!» Чун аз он номҳо огаҳашон кард, Худо гуфт: «Оё ба шумо нагуфтам, ки манн ниҳони осмонҳову заминро медонам ва бар он чӣ ошкор мекунед ва пинҳон медоштед, огаҳам?».
وَإِذْ قُلْنَا لِلْمَلَٰٓئِكَةِ ٱسْجُدُوا۟ لِءَادَمَ فَسَجَدُوٓا۟ إِلَّآ إِبْلِيسَ أَبَىٰ وَٱسْتَكْبَرَ وَكَانَ مِنَ ٱلْكَٰفِرِينَ
Ва ба фариштагон гуфтем: «Одамро саҷда кунед!» Ҳама саҷда карданд ҷуз Иблис, ки рӯй гардонд ва бартарӣ ҷуст. Ва ӯ аз кофирон буд.
وَقُلْنَا يَٰٓـَٔادَمُ ٱسْكُنْ أَنتَ وَزَوْجُكَ ٱلْجَنَّةَ وَكُلَا مِنْهَا رَغَدًا حَيْثُ شِئْتُمَا وَلَا تَقْرَبَا هَٰذِهِ ٱلشَّجَرَةَ فَتَكُونَا مِنَ ٱلظَّٰلِمِينَ
Ва гуфтем: «Эй Одам, худ ва занат дар биҳишт ҷой гиред. Ва ҳар чӣ хоҳед, ва ҳар ҷо, ки хоҳед, аз самароти он ба хушӣ бихӯред. Ва ба ин дарахт наздик машавед, ки ба гурӯҳи ситамкорон дароед».
فَأَزَلَّهُمَا ٱلشَّيْطَٰنُ عَنْهَا فَأَخْرَجَهُمَا مِمَّا كَانَا فِيهِ ۖ وَقُلْنَا ٱهْبِطُوا۟ بَعْضُكُمْ لِبَعْضٍ عَدُوٌّۭ ۖ وَلَكُمْ فِى ٱلْأَرْضِ مُسْتَقَرٌّۭ وَمَتَٰعٌ إِلَىٰ حِينٍۢ
Пас шайтон он дуро ба хато водошт ва аз биҳиште, ки дар он буданд, берун ронд. Гуфтем: «Поин равед, баъзе душмани баъзеи дигар, ва кароргоҳу ҷои бархурдории шумо то рӯзи қиёмат дар замин бошад».
فَتَلَقَّىٰٓ ءَادَمُ مِن رَّبِّهِۦ كَلِمَٰتٍۢ فَتَابَ عَلَيْهِ ۚ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلتَّوَّابُ ٱلرَّحِيمُ
Одам аз Парвардигораш калимае чанд таълим гирифт. Пас Худо тавбаи ӯро пазируфт, зеро тавбапазир ва меҳрубон аст!
قُلْنَا ٱهْبِطُوا۟ مِنْهَا جَمِيعًۭا ۖ فَإِمَّا يَأْتِيَنَّكُم مِّنِّى هُدًۭى فَمَن تَبِعَ هُدَاىَ فَلَا خَوْفٌ عَلَيْهِمْ وَلَا هُمْ يَحْزَنُونَ
Гуфтем: «Ҳама аз биҳишт поён шавед: пас агар аз ҷониби Ман роҳнамоӣ бароятон омад, бар онҳо, ки аз роҳнамоии Ман пайравӣ кунанд, биме нахоҳад буд ва худ андӯҳнок намешаванд».
وَٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ وَكَذَّبُوا۟ بِـَٔايَٰتِنَآ أُو۟لَٰٓئِكَ أَصْحَٰبُ ٱلنَّارِ ۖ هُمْ فِيهَا خَٰلِدُونَ
Касоне, ки кофир шаванд ва оёти Худоро дуруғ бароранд, худ аҳли ҷаҳаннаманд ва ҷовидона дар он ҷо хоҳад буд.
يَٰبَنِىٓ إِسْرَٰٓءِيلَ ٱذْكُرُوا۟ نِعْمَتِىَ ٱلَّتِىٓ أَنْعَمْتُ عَلَيْكُمْ وَأَوْفُوا۟ بِعَهْدِىٓ أُوفِ بِعَهْدِكُمْ وَإِيَّٰىَ فَٱرْهَبُونِ
Эй банӣ-Исроил, неъматеро, ки ба шумо арзонӣ доштам, ба ёд биёваред. Ва ба аҳди Ман вафо кунед, то ба аҳдатон вафо кунам. Ва аз Ман битарсед!
وَءَامِنُوا۟ بِمَآ أَنزَلْتُ مُصَدِّقًۭا لِّمَا مَعَكُمْ وَلَا تَكُونُوٓا۟ أَوَّلَ كَافِرٍۭ بِهِۦ ۖ وَلَا تَشْتَرُوا۟ بِـَٔايَٰتِى ثَمَنًۭا قَلِيلًۭا وَإِيَّٰىَ فَٱتَّقُونِ
Ва ба он чӣ нозил кардаам ва китоби шуморо тасдиқ мекунад, имон биёваред ва аз нахустин касоне, ки инкораш мекунанд, мабошед. Ва оёти Маро ба баҳои андак нафурӯшед ва аз Ман битарсед!
وَلَا تَلْبِسُوا۟ ٱلْحَقَّ بِٱلْبَٰطِلِ وَتَكْتُمُوا۟ ٱلْحَقَّ وَأَنتُمْ تَعْلَمُونَ
Ҳақро ба ботил маёмезед ва бо он ки ҳақиқатро медонед, пинҳонаш макунед!
وَأَقِيمُوا۟ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتُوا۟ ٱلزَّكَوٰةَ وَٱرْكَعُوا۟ مَعَ ٱلرَّٰكِعِينَ
Ва намозро барпой доред ва закот бидиҳед ва бо рукӯъкунандагон рукӯъ кунед!
۞ أَتَأْمُرُونَ ٱلنَّاسَ بِٱلْبِرِّ وَتَنسَوْنَ أَنفُسَكُمْ وَأَنتُمْ تَتْلُونَ ٱلْكِتَٰبَ ۚ أَفَلَا تَعْقِلُونَ
Оё дар ҳоле ки китобро мехонед, мардумро ба некӣ фармон медиҳед ва худро фаромӯш мекунед? Оё ақлро кор намефармоед!
وَٱسْتَعِينُوا۟ بِٱلصَّبْرِ وَٱلصَّلَوٰةِ ۚ وَإِنَّهَا لَكَبِيرَةٌ إِلَّا عَلَى ٱلْخَٰشِعِينَ
Аз сабр ва намоз ёрӣ ҷӯед. Ва ин ду, коре душворанд, ҷуз барои аҳли хушӯъ (хоксорон, фурӯтанон).
ٱلَّذِينَ يَظُنُّونَ أَنَّهُم مُّلَٰقُوا۟ رَبِّهِمْ وَأَنَّهُمْ إِلَيْهِ رَٰجِعُونَ
Онон, ки бегумон медонанд, ки бо Парвардигори худ дидор хоҳанд кард ва назди ӯ бозмегарданд.
يَٰبَنِىٓ إِسْرَٰٓءِيلَ ٱذْكُرُوا۟ نِعْمَتِىَ ٱلَّتِىٓ أَنْعَمْتُ عَلَيْكُمْ وَأَنِّى فَضَّلْتُكُمْ عَلَى ٱلْعَٰلَمِينَ
Эй банӣ - Исроил, неъматеро, ки бар шумо арзонӣ доштам ва шуморо бар ҷаҳониён бартарӣ додам, ба ёд биёваред.
وَٱتَّقُوا۟ يَوْمًۭا لَّا تَجْزِى نَفْسٌ عَن نَّفْسٍۢ شَيْـًۭٔا وَلَا يُقْبَلُ مِنْهَا شَفَٰعَةٌۭ وَلَا يُؤْخَذُ مِنْهَا عَدْلٌۭ وَلَا هُمْ يُنصَرُونَ
Ва битарсед аз рӯзе, ки ҳеҷ кас дигареро ба кор наёяд ва ҳеҷ шафоъате аз касе пазируфта нагардад ва аз касе ивазе наситонанд ва касеро ёрӣ накунанд.
وَإِذْ نَجَّيْنَٰكُم مِّنْ ءَالِ فِرْعَوْنَ يَسُومُونَكُمْ سُوٓءَ ٱلْعَذَابِ يُذَبِّحُونَ أَبْنَآءَكُمْ وَيَسْتَحْيُونَ نِسَآءَكُمْ ۚ وَفِى ذَٰلِكُم بَلَآءٌۭ مِّن رَّبِّكُمْ عَظِيمٌۭ
Ва ба ёд оред он гоҳ, ки шуморо аз фиръавниён раҳонидем: шуморо шиканҷаҳои сахт мекарданд, писаронатонро мекуштанд ва занонатонро зинда мегузоштанд. Ва дар ин озмуне бузург аз сӯи Парвардигоратон буд.
وَإِذْ فَرَقْنَا بِكُمُ ٱلْبَحْرَ فَأَنجَيْنَٰكُمْ وَأَغْرَقْنَآ ءَالَ فِرْعَوْنَ وَأَنتُمْ تَنظُرُونَ
Ва он ҳангомро, ки дарёро бароятон шикофтем ва шуморо раҳонидем ва фиръавниёнро дар баробари чашмонатон ғарқ сохтем.
وَإِذْ وَٰعَدْنَا مُوسَىٰٓ أَرْبَعِينَ لَيْلَةًۭ ثُمَّ ٱتَّخَذْتُمُ ٱلْعِجْلَ مِنۢ بَعْدِهِۦ وَأَنتُمْ ظَٰلِمُونَ
Ва он ҳангомро, ки чиҳил шаб бо Мӯсо ваъда ниҳодем ва шумо, ки ситамкорон будед, баъд аз ӯ гӯсоларо парастидед.
ثُمَّ عَفَوْنَا عَنكُم مِّنۢ بَعْدِ ذَٰلِكَ لَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ
Пас гуноҳонатонро афв кардем, шояд, ки сипосгузор бошед!
وَإِذْ ءَاتَيْنَا مُوسَى ٱلْكِتَٰبَ وَٱلْفُرْقَانَ لَعَلَّكُمْ تَهْتَدُونَ
Ва ба ёд оред он ҳангомро, ки ба Мӯсо китоб ва фурқон додем, бошад, ки ҳидоят шавед.
وَإِذْ قَالَ مُوسَىٰ لِقَوْمِهِۦ يَٰقَوْمِ إِنَّكُمْ ظَلَمْتُمْ أَنفُسَكُم بِٱتِّخَاذِكُمُ ٱلْعِجْلَ فَتُوبُوٓا۟ إِلَىٰ بَارِئِكُمْ فَٱقْتُلُوٓا۟ أَنفُسَكُمْ ذَٰلِكُمْ خَيْرٌۭ لَّكُمْ عِندَ بَارِئِكُمْ فَتَابَ عَلَيْكُمْ ۚ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلتَّوَّابُ ٱلرَّحِيمُ
Ва он ҳангомро, ки Мӯсо ба қавми худ гуфт: «Эй қавми ман, шумо ба он сабаб, ки гӯсоларо парастидед, бар худ ситам раво доштед: инак ба даргоҳи Офаридгоратон тавба куне два якдигарро бикушед, ки чунин коре дар назди Офаридгоратон беҳтар аст». Пас Худо тавбаи шуморо пазируфт, зеро тавбапазир ва меҳрубон аст.
وَإِذْ قُلْتُمْ يَٰمُوسَىٰ لَن نُّؤْمِنَ لَكَ حَتَّىٰ نَرَى ٱللَّهَ جَهْرَةًۭ فَأَخَذَتْكُمُ ٱلصَّٰعِقَةُ وَأَنتُمْ تَنظُرُونَ
Ва он ҳамгонро, ки гуфтед: «Эй Мӯсо, мо то Худоро ба ошкор набинем, ба ту имон намеоварем». Ва ҳамчунон ки менигаристед, соӣиқа (оташак, барқ) шуморо фурӯ гирифт.
ثُمَّ بَعَثْنَٰكُم مِّنۢ بَعْدِ مَوْتِكُمْ لَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ
Ва шуморо пас аз мурдан зинда сохтем, шояд сипосгузор шавед!
وَظَلَّلْنَا عَلَيْكُمُ ٱلْغَمَامَ وَأَنزَلْنَا عَلَيْكُمُ ٱلْمَنَّ وَٱلسَّلْوَىٰ ۖ كُلُوا۟ مِن طَيِّبَٰتِ مَا رَزَقْنَٰكُمْ ۖ وَمَا ظَلَمُونَا وَلَٰكِن كَانُوٓا۟ أَنفُسَهُمْ يَظْلِمُونَ
Ва абрро соябонатон гардонидем ва бароятон манну салво фиристодем: «Бихӯред аз ин чизҳои покиза, ки шуморо рӯзӣ додаем! Ва онон бар Мо ситам накарданд, балки бар худ ситам мекарданд».
وَإِذْ قُلْنَا ٱدْخُلُوا۟ هَٰذِهِ ٱلْقَرْيَةَ فَكُلُوا۟ مِنْهَا حَيْثُ شِئْتُمْ رَغَدًۭا وَٱدْخُلُوا۟ ٱلْبَابَ سُجَّدًۭا وَقُولُوا۟ حِطَّةٌۭ نَّغْفِرْ لَكُمْ خَطَٰيَٰكُمْ ۚ وَسَنَزِيدُ ٱلْمُحْسِنِينَ
Ва ба ёд оред он замонро, ки ба шумо гуфтем: «Ба ин қария дароед ва аз неъматҳои он ҳар чӣ ва ҳар ҷо, ки хоста бошед, ба фаровонӣ бихӯред! Вале саҷдакунон аз дарвоза дохил шавед ва бигӯед: «Боре гуноҳ аз мо кам кун». То хатоҳои шуморо биёмурзем ва ба подоши некӯкорон бияфзоем.
فَبَدَّلَ ٱلَّذِينَ ظَلَمُوا۟ قَوْلًا غَيْرَ ٱلَّذِى قِيلَ لَهُمْ فَأَنزَلْنَا عَلَى ٱلَّذِينَ ظَلَمُوا۟ رِجْزًۭا مِّنَ ٱلسَّمَآءِ بِمَا كَانُوا۟ يَفْسُقُونَ
Аммо ситамкорон он суханро дигар карданд ва бар онон ба ҷазои гуноҳе, ки карда буданд, азобе осмонӣ фуруд овардем.
۞ وَإِذِ ٱسْتَسْقَىٰ مُوسَىٰ لِقَوْمِهِۦ فَقُلْنَا ٱضْرِب بِّعَصَاكَ ٱلْحَجَرَ ۖ فَٱنفَجَرَتْ مِنْهُ ٱثْنَتَا عَشْرَةَ عَيْنًۭا ۖ قَدْ عَلِمَ كُلُّ أُنَاسٍۢ مَّشْرَبَهُمْ ۖ كُلُوا۟ وَٱشْرَبُوا۟ مِن رِّزْقِ ٱللَّهِ وَلَا تَعْثَوْا۟ فِى ٱلْأَرْضِ مُفْسِدِينَ
Ва ба ёд оред он гоҳро, ки Мӯсо барои қавми худ об хост. Гуфтем: «Асоятро бар он санг бизан». Пас дувоздаҳ чашма аз он баромад. Ҳар гурӯҳе маҳалли обнӯшии худро бидонист. Аз рӯзии Худо бихӯреду биёшомед ва дар рӯи замин ба фасод саркашӣ макунед!
وَإِذْ قُلْتُمْ يَٰمُوسَىٰ لَن نَّصْبِرَ عَلَىٰ طَعَامٍۢ وَٰحِدٍۢ فَٱدْعُ لَنَا رَبَّكَ يُخْرِجْ لَنَا مِمَّا تُنۢبِتُ ٱلْأَرْضُ مِنۢ بَقْلِهَا وَقِثَّآئِهَا وَفُومِهَا وَعَدَسِهَا وَبَصَلِهَا ۖ قَالَ أَتَسْتَبْدِلُونَ ٱلَّذِى هُوَ أَدْنَىٰ بِٱلَّذِى هُوَ خَيْرٌ ۚ ٱهْبِطُوا۟ مِصْرًۭا فَإِنَّ لَكُم مَّا سَأَلْتُمْ ۗ وَضُرِبَتْ عَلَيْهِمُ ٱلذِّلَّةُ وَٱلْمَسْكَنَةُ وَبَآءُو بِغَضَبٍۢ مِّنَ ٱللَّهِ ۗ ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمْ كَانُوا۟ يَكْفُرُونَ بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِ وَيَقْتُلُونَ ٱلنَّبِيِّۦنَ بِغَيْرِ ٱلْحَقِّ ۗ ذَٰلِكَ بِمَا عَصَوا۟ وَّكَانُوا۟ يَعْتَدُونَ
Ва он гоҳро, ки гуфтед: «Эй Мӯсо, мо бар як навъи таъом натавонем сабр кард, аз Парвардигорат бихоҳ то барои мо аз он чӣ аз замин мерӯяд, чун сабзӣ, бодирингу сир ва наску пиёз бируёнад». Мӯсо гуфт: «Оё мехоҳед он чиро, ки беҳтар аст ба он чӣ пасттар аст, иваз кунед? Ба шаҳре бозгардед, ки дар он ҷо ҳар чӣ хоҳед, ба шумо бидиҳанд. Муқаррар шуд бар онҳо хориву бечорагӣ ва бо хашми Худо қарин шуданд! Ва ин бад-он сабаб буд, ки ба оёти Худо кофир шуданд ва паёмбаронро ба ноҳақ куштанд ва нофармонӣ карданд ва таҷовуз намуданд».
إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ وَٱلَّذِينَ هَادُوا۟ وَٱلنَّصَٰرَىٰ وَٱلصَّٰبِـِٔينَ مَنْ ءَامَنَ بِٱللَّهِ وَٱلْيَوْمِ ٱلْءَاخِرِ وَعَمِلَ صَٰلِحًۭا فَلَهُمْ أَجْرُهُمْ عِندَ رَبِّهِمْ وَلَا خَوْفٌ عَلَيْهِمْ وَلَا هُمْ يَحْزَنُونَ
Касоне, ки имон овардаанд ва касоне, ки дини яҳудон ва тарсоён ва собионро гирифтанд, агар ба Худо ва рӯзи бозпасин имон дошта бошанд ва коре шоиста кунанд, Худо ба онҳо ҷазои нек медиҳад ва на бимнок мешаванд ва на ғамгин.
وَإِذْ أَخَذْنَا مِيثَٰقَكُمْ وَرَفَعْنَا فَوْقَكُمُ ٱلطُّورَ خُذُوا۟ مَآ ءَاتَيْنَٰكُم بِقُوَّةٍۢ وَٱذْكُرُوا۟ مَا فِيهِ لَعَلَّكُمْ تَتَّقُونَ
Ва ба ёд оред он замонро, ки бо шумо паймон бастем ва кӯҳи Турро бар болои саратон бидоштем. Он чиро, ки ба шумо додаем, мустаҳкам бигиред ва он чиро, ки дар он аст, ба хотир бидоред! Бошад, ки парҳезгор шавед!
ثُمَّ تَوَلَّيْتُم مِّنۢ بَعْدِ ذَٰلِكَ ۖ فَلَوْلَا فَضْلُ ٱللَّهِ عَلَيْكُمْ وَرَحْمَتُهُۥ لَكُنتُم مِّنَ ٱلْخَٰسِرِينَ
Вале з-он пас аз фармон Сар тобидед ва агар фазлу раҳмати Худо набуд, аз зиёнкорон мебудед.
وَلَقَدْ عَلِمْتُمُ ٱلَّذِينَ ٱعْتَدَوْا۟ مِنكُمْ فِى ٱلسَّبْتِ فَقُلْنَا لَهُمْ كُونُوا۟ قِرَدَةً خَٰسِـِٔينَ
Ва шинохтед он гурӯҳро, ки дар он рӯзи шанбе аз ҳадди худ таҷовуз карданд, пас ба онҳо хитоб кардем: «Бӯзинагоне хору хомӯш гардед!».
فَجَعَلْنَٰهَا نَكَٰلًۭا لِّمَا بَيْنَ يَدَيْهَا وَمَا خَلْفَهَا وَمَوْعِظَةًۭ لِّلْمُتَّقِينَ
Ва онҳоро ибрати муосирон ва ояндагон ва панде барои парҳезгорон гардонидем.
وَإِذْ قَالَ مُوسَىٰ لِقَوْمِهِۦٓ إِنَّ ٱللَّهَ يَأْمُرُكُمْ أَن تَذْبَحُوا۟ بَقَرَةًۭ ۖ قَالُوٓا۟ أَتَتَّخِذُنَا هُزُوًۭا ۖ قَالَ أَعُوذُ بِٱللَّهِ أَنْ أَكُونَ مِنَ ٱلْجَٰهِلِينَ
Ва ба ёд оред он ҳангомро, ки Мӯсо ба қавми худ гуфт: «Худо фармон медиҳад, ки говеро бикушед!» Гуфтанд: «Оё Моро маскара мекунӣ?» Гуфт: «Ба Худо паноҳ мебарам ки аз нодонон бошам».
قَالُوا۟ ٱدْعُ لَنَا رَبَّكَ يُبَيِّن لَّنَا مَا هِىَ ۚ قَالَ إِنَّهُۥ يَقُولُ إِنَّهَا بَقَرَةٌۭ لَّا فَارِضٌۭ وَلَا بِكْرٌ عَوَانٌۢ بَيْنَ ذَٰلِكَ ۖ فَٱفْعَلُوا۟ مَا تُؤْمَرُونَ
Гуфтанд: «Барои мо Парвардигоратро бихон то баён кунад, ки он чӣ гуна говест?» Гуфт: «Мегӯяд: «Говест на сахт пиру аз кор афтода, на ҷавону корнокарда, миёнасол». Акнун бикунед он чӣ шуморо мефармоянд!
قَالُوا۟ ٱدْعُ لَنَا رَبَّكَ يُبَيِّن لَّنَا مَا لَوْنُهَا ۚ قَالَ إِنَّهُۥ يَقُولُ إِنَّهَا بَقَرَةٌۭ صَفْرَآءُ فَاقِعٌۭ لَّوْنُهَا تَسُرُّ ٱلنَّٰظِرِينَ
Гуфтанд: «Барои мо Парвардигоратро бихон то бигӯяд, ки ранги он чист?» Гуфт: «Мегӯяд: «Говест зарди сахт, ки рангаш бинандагонро шодмон месозад».
قَالُوا۟ ٱدْعُ لَنَا رَبَّكَ يُبَيِّن لَّنَا مَا هِىَ إِنَّ ٱلْبَقَرَ تَشَٰبَهَ عَلَيْنَا وَإِنَّآ إِن شَآءَ ٱللَّهُ لَمُهْتَدُونَ
Гуфтанд: «Барои мо Парвардигоратро бихон то бигӯяд он чӣ гуна говест? Ки он гов бар мо муштабеҳ шудааст ва агар Худо бихоҳад мо, ба он роҳ меёбам».
قَالَ إِنَّهُۥ يَقُولُ إِنَّهَا بَقَرَةٌۭ لَّا ذَلُولٌۭ تُثِيرُ ٱلْأَرْضَ وَلَا تَسْقِى ٱلْحَرْثَ مُسَلَّمَةٌۭ لَّا شِيَةَ فِيهَا ۚ قَالُوا۟ ٱلْـَٰٔنَ جِئْتَ بِٱلْحَقِّ ۚ فَذَبَحُوهَا وَمَا كَادُوا۟ يَفْعَلُونَ
Гуфт: «Мегӯянд: «Аз он говон нест, ки ром бошад ва заминро ҷуфт кунад ва киштаро об диҳад. Беайб асту якранг». Гуфтанд: «Акнун ҳақиқатро гуфтӣ». Пас онро куштанд, ҳарчанд ки наздик буд, ки аз он кор рӯй гардонанд.
وَإِذْ قَتَلْتُمْ نَفْسًۭا فَٱدَّٰرَْٰٔتُمْ فِيهَا ۖ وَٱللَّهُ مُخْرِجٌۭ مَّا كُنتُمْ تَكْتُمُونَ
Ва ба ёд оред он ҳангомро, ки касеро куштед ва бар якдигар бӯҳтон задед ва низоъ даргирифтед ва Худо он чиро, ки пинҳон мекардед, ошкор сохт.
فَقُلْنَا ٱضْرِبُوهُ بِبَعْضِهَا ۚ كَذَٰلِكَ يُحْىِ ٱللَّهُ ٱلْمَوْتَىٰ وَيُرِيكُمْ ءَايَٰتِهِۦ لَعَلَّكُمْ تَعْقِلُونَ
Сипас гуфтем: «Порае аз онро бар он кушта бизанед. Худо мурдагонро инчунин зинда месозад ва нишонаҳои қудрати хешро инчунин ба шумо менамоёнад, бошад, ки ба ақл дарёбед!».
ثُمَّ قَسَتْ قُلُوبُكُم مِّنۢ بَعْدِ ذَٰلِكَ فَهِىَ كَٱلْحِجَارَةِ أَوْ أَشَدُّ قَسْوَةًۭ ۚ وَإِنَّ مِنَ ٱلْحِجَارَةِ لَمَا يَتَفَجَّرُ مِنْهُ ٱلْأَنْهَٰرُ ۚ وَإِنَّ مِنْهَا لَمَا يَشَّقَّقُ فَيَخْرُجُ مِنْهُ ٱلْمَآءُ ۚ وَإِنَّ مِنْهَا لَمَا يَهْبِطُ مِنْ خَشْيَةِ ٱللَّهِ ۗ وَمَا ٱللَّهُ بِغَٰفِلٍ عَمَّا تَعْمَلُونَ
Пас аз он дилҳои шумо чун санг сахт гардид, ҳатто сахттар аз санг, ки аз санг гоҳ ҷӯйҳо равон шаванд ва чун шикофта шавад, об аз он берун ҷаҳад ва гоҳ аз тарси Худо аз боло ба нишеб фурӯ ғалтад ва Худо аз он чӣ мекунед, ғофил нест!
۞ أَفَتَطْمَعُونَ أَن يُؤْمِنُوا۟ لَكُمْ وَقَدْ كَانَ فَرِيقٌۭ مِّنْهُمْ يَسْمَعُونَ كَلَٰمَ ٱللَّهِ ثُمَّ يُحَرِّفُونَهُۥ مِنۢ بَعْدِ مَا عَقَلُوهُ وَهُمْ يَعْلَمُونَ
Оё тамаъ медоред, ки ба шумо имон биёваранд ва ҳол он ки гурӯҳе аз онҳо каломи Худоро мешуниданд ва бо он ки ҳақиқати онро меёфтанд, тағйираш мекарданд ва аз кори хеш огоҳ буданд?
وَإِذَا لَقُوا۟ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ قَالُوٓا۟ ءَامَنَّا وَإِذَا خَلَا بَعْضُهُمْ إِلَىٰ بَعْضٍۢ قَالُوٓا۟ أَتُحَدِّثُونَهُم بِمَا فَتَحَ ٱللَّهُ عَلَيْكُمْ لِيُحَآجُّوكُم بِهِۦ عِندَ رَبِّكُمْ ۚ أَفَلَا تَعْقِلُونَ
Ва чун бо мӯъминон дидор кунанд, гӯянд: «Мо ҳам имон овардем». Ва чун бо якдигар хилват кунанд, гӯянд: «Оё бо онон аз донише, ки Худо ба шумо арзонӣ дошта сухан мегӯед, то ба ёрии он дар назди Парвардигоратон бар шумо ҳуҷҷат оранд? Оё ба ақл дарнамеёбед?».
أَوَلَا يَعْلَمُونَ أَنَّ ٱللَّهَ يَعْلَمُ مَا يُسِرُّونَ وَمَا يُعْلِنُونَ
Оё намедонанд, ки ҳар чиро, ки пинҳон медоранд ва ҳар чиро, ки ошкор месозанд, Худо медонад?
وَمِنْهُمْ أُمِّيُّونَ لَا يَعْلَمُونَ ٱلْكِتَٰبَ إِلَّآ أَمَانِىَّ وَإِنْ هُمْ إِلَّا يَظُنُّونَ
Баъзе аз онҳо бесаводоне ҳастанд, ки намедонанд дар китоб чист, ҷуз орзуҳои дурӯғ, ки шунидаанд. Инҳо танҳо пойбанди гумони худанд.
فَوَيْلٌۭ لِّلَّذِينَ يَكْتُبُونَ ٱلْكِتَٰبَ بِأَيْدِيهِمْ ثُمَّ يَقُولُونَ هَٰذَا مِنْ عِندِ ٱللَّهِ لِيَشْتَرُوا۟ بِهِۦ ثَمَنًۭا قَلِيلًۭا ۖ فَوَيْلٌۭ لَّهُم مِّمَّا كَتَبَتْ أَيْدِيهِمْ وَوَيْلٌۭ لَّهُم مِّمَّا يَكْسِبُونَ
Пас вой бар онҳое, ки китобро худ ба дасти худ менависанд ва то суде андак баранд, мегӯянд, ки аз ҷониби Худо нозил шуда. Пас вой бар онҳо аз он чӣ навиштанд ва вой бар онҳо аз суде, ки мебаранд!
وَقَالُوا۟ لَن تَمَسَّنَا ٱلنَّارُ إِلَّآ أَيَّامًۭا مَّعْدُودَةًۭ ۚ قُلْ أَتَّخَذْتُمْ عِندَ ٱللَّهِ عَهْدًۭا فَلَن يُخْلِفَ ٱللَّهُ عَهْدَهُۥٓ ۖ أَمْ تَقُولُونَ عَلَى ٱللَّهِ مَا لَا تَعْلَمُونَ
Ва гуфтанд: «Оташ ҷуз чанд рӯзе Моро насӯзонад». Бигӯ: «Оё бо Худо чунин паймоне бастаед, то ӯ хилофи паймони худ накунад? Ё он ки аз рӯи нодонӣ чунин нисбате ба Худо медиҳед?».
بَلَىٰ مَن كَسَبَ سَيِّئَةًۭ وَأَحَٰطَتْ بِهِۦ خَطِيٓـَٔتُهُۥ فَأُو۟لَٰٓئِكَ أَصْحَٰبُ ٱلنَّارِ ۖ هُمْ فِيهَا خَٰلِدُونَ
Оре, Онон, ки муртакиби кори зишт шуданд ва гуноҳашон гирд бар гирдашон бигирифт, аҳли ҷаҳаннаманд ва ҷовидона дар он монанд.
وَٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ وَعَمِلُوا۟ ٱلصَّٰلِحَٰتِ أُو۟لَٰٓئِكَ أَصْحَٰبُ ٱلْجَنَّةِ ۖ هُمْ فِيهَا خَٰلِدُونَ
Ва онон, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, аҳли биҳиштанд ва дар он ҷовидонанд.
وَإِذْ أَخَذْنَا مِيثَٰقَ بَنِىٓ إِسْرَٰٓءِيلَ لَا تَعْبُدُونَ إِلَّا ٱللَّهَ وَبِٱلْوَٰلِدَيْنِ إِحْسَانًۭا وَذِى ٱلْقُرْبَىٰ وَٱلْيَتَٰمَىٰ وَٱلْمَسَٰكِينِ وَقُولُوا۟ لِلنَّاسِ حُسْنًۭا وَأَقِيمُوا۟ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتُوا۟ ٱلزَّكَوٰةَ ثُمَّ تَوَلَّيْتُمْ إِلَّا قَلِيلًۭا مِّنكُمْ وَأَنتُم مُّعْرِضُونَ
Ба ёд оред он ҳангомро, ки аз банӣ-Исроил паймон гирифтем, ки ғайри Худоро напарастед ва ба падару модару хешовандон ва ятимону дарвешон некӣ кунед ва ба мардумон сухани нек гӯед ва намоз бихонед ва закот бидиҳед! Вале ҷуз андаке аз шумо пушт кардед ва шумоед рӯйгардондагон.
وَإِذْ أَخَذْنَا مِيثَٰقَكُمْ لَا تَسْفِكُونَ دِمَآءَكُمْ وَلَا تُخْرِجُونَ أَنفُسَكُم مِّن دِيَٰرِكُمْ ثُمَّ أَقْرَرْتُمْ وَأَنتُمْ تَشْهَدُونَ
Ва он ҳангомро, ки бо шумо паймон ниҳодем, ки хуни ҳам нарезед ва якдигарро аз хонумон овора масозед ва шумо ба паймон гардан ниҳодед ва худ бар он гувоҳ ҳастед.
ثُمَّ أَنتُمْ هَٰٓؤُلَآءِ تَقْتُلُونَ أَنفُسَكُمْ وَتُخْرِجُونَ فَرِيقًۭا مِّنكُم مِّن دِيَٰرِهِمْ تَظَٰهَرُونَ عَلَيْهِم بِٱلْإِثْمِ وَٱلْعُدْوَٰنِ وَإِن يَأْتُوكُمْ أُسَٰرَىٰ تُفَٰدُوهُمْ وَهُوَ مُحَرَّمٌ عَلَيْكُمْ إِخْرَاجُهُمْ ۚ أَفَتُؤْمِنُونَ بِبَعْضِ ٱلْكِتَٰبِ وَتَكْفُرُونَ بِبَعْضٍۢ ۚ فَمَا جَزَآءُ مَن يَفْعَلُ ذَٰلِكَ مِنكُمْ إِلَّا خِزْىٌۭ فِى ٱلْحَيَوٰةِ ٱلدُّنْيَا ۖ وَيَوْمَ ٱلْقِيَٰمَةِ يُرَدُّونَ إِلَىٰٓ أَشَدِّ ٱلْعَذَابِ ۗ وَمَا ٱللَّهُ بِغَٰفِلٍ عَمَّا تَعْمَلُونَ
Пас шумо чунин ҷамоъате ҳастед, ки якдигарро мекушед ва гурӯҳе аз худро аз хонумонашон овора мекунед ва бар зидди онҳо ба гуноҳ ва бедод ба ҳамдастии якдигар бармехезед ва агар ба асорати шумо дароянд, дар баробари озодияшон фидя мегиред ва ҳол он ки берун ронданашон бар шумо ҳаром буд. Оё ба баъзе аз китоб имон меоваред ва баъзе дигарро инкор мекунед? Ҷазои касе, ки чунин кунад, дар дунё ҷуз хорӣ нест ва дар рӯзи қиёмат ба сахттарин тарзе шиканҷа мешавад ва ба Худо аз он чӣ мекунед, ғофил нест!
أُو۟لَٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ ٱشْتَرَوُا۟ ٱلْحَيَوٰةَ ٱلدُّنْيَا بِٱلْءَاخِرَةِ ۖ فَلَا يُخَفَّفُ عَنْهُمُ ٱلْعَذَابُ وَلَا هُمْ يُنصَرُونَ
Инҳо ҳамон касонанд, ки охиратро донанд ва зиндагии дунёро хариданд. Аз азобашон кам нагардад ва кас ёриашон накунад.
وَلَقَدْ ءَاتَيْنَا مُوسَى ٱلْكِتَٰبَ وَقَفَّيْنَا مِنۢ بَعْدِهِۦ بِٱلرُّسُلِ ۖ وَءَاتَيْنَا عِيسَى ٱبْنَ مَرْيَمَ ٱلْبَيِّنَٰتِ وَأَيَّدْنَٰهُ بِرُوحِ ٱلْقُدُسِ ۗ أَفَكُلَّمَا جَآءَكُمْ رَسُولٌۢ بِمَا لَا تَهْوَىٰٓ أَنفُسُكُمُ ٱسْتَكْبَرْتُمْ فَفَرِيقًۭا كَذَّبْتُمْ وَفَرِيقًۭا تَقْتُلُونَ
Ба таҳқиқ Мӯсоро китоб додем ва аз паи ӯ паёмбарон фиристодем. Ва ба Исо бинни Марям далелҳои равшан иноят кардем ва ӯро бо рӯҳулқудс қувват додем. Ва ҳар гоҳ паёмбаре омад ва чизҳое овард, ки писанди нафси шумо набуд, саркашӣ кардед ва гурӯҳеро дурӯғгӯ хондед ва гурӯҳеро куштед.
وَقَالُوا۟ قُلُوبُنَا غُلْفٌۢ ۚ بَل لَّعَنَهُمُ ٱللَّهُ بِكُفْرِهِمْ فَقَلِيلًۭا مَّا يُؤْمِنُونَ
Гуфтанд: «Дилҳои мо дар парда аст». На, Худо ононро ба сабаби куфре, ки меварзанд, нафрин кардааст ва чӣ андак имон меоваранд!
وَلَمَّا جَآءَهُمْ كِتَٰبٌۭ مِّنْ عِندِ ٱللَّهِ مُصَدِّقٌۭ لِّمَا مَعَهُمْ وَكَانُوا۟ مِن قَبْلُ يَسْتَفْتِحُونَ عَلَى ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ فَلَمَّا جَآءَهُم مَّا عَرَفُوا۟ كَفَرُوا۟ بِهِۦ ۚ فَلَعْنَةُ ٱللَّهِ عَلَى ٱلْكَٰفِرِينَ
Ва чун онҳоро аз ҷониби Худо китобе омад ва ӯро шинохтанд, ҳарчанд китобашро ҳам тасдиқ карда буд ва бо он ки з-он пеш хостори пирӯзи бар кофирон буданд, ба ӯ имон наёварданд, ки лаънати Худо бар кофирон буд!
بِئْسَمَا ٱشْتَرَوْا۟ بِهِۦٓ أَنفُسَهُمْ أَن يَكْفُرُوا۟ بِمَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ بَغْيًا أَن يُنَزِّلَ ٱللَّهُ مِن فَضْلِهِۦ عَلَىٰ مَن يَشَآءُ مِنْ عِبَادِهِۦ ۖ فَبَآءُو بِغَضَبٍ عَلَىٰ غَضَبٍۢ ۚ وَلِلْكَٰفِرِينَ عَذَابٌۭ مُّهِينٌۭ
Бо худ бадмуомилагӣ карданд, он гоҳ ки аз ҳасад ба китоби Худо кофир шуданд ва аз ин ки Худо фазлу карами хешро ба ҳар кас аз бандагони худ, ки бихоҳад, арзонӣ медорад, ҳасад бурданд ва қарини хашме афзун бар хашми дигар шуданд ва кофиронро азобест хоркунанда!
وَإِذَا قِيلَ لَهُمْ ءَامِنُوا۟ بِمَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ قَالُوا۟ نُؤْمِنُ بِمَآ أُنزِلَ عَلَيْنَا وَيَكْفُرُونَ بِمَا وَرَآءَهُۥ وَهُوَ ٱلْحَقُّ مُصَدِّقًۭا لِّمَا مَعَهُمْ ۗ قُلْ فَلِمَ تَقْتُلُونَ أَنۢبِيَآءَ ٱللَّهِ مِن قَبْلُ إِن كُنتُم مُّؤْمِنِينَ
Ва чун ба онҳо гуфта шавад, ки ба он чи Худо нозил кардааст, имон биёваред, мегӯянд: «Мо ба он чи бар худамон нозил шудааст, имон меоварем». Ва ба ғайри он ҳарчанд бо ҳақиқат ҳамроҳ бошад ва китобашро ҳам тасдиқ кунад, имон намеоваранд. Бигӯ: «Агар шумо имон оварда будед, аз чӣ сабаб паёмбарони Худоро пеш аз ин мекуштед?».
۞ وَلَقَدْ جَآءَكُم مُّوسَىٰ بِٱلْبَيِّنَٰتِ ثُمَّ ٱتَّخَذْتُمُ ٱلْعِجْلَ مِنۢ بَعْدِهِۦ وَأَنتُمْ ظَٰلِمُونَ
Мӯсо бо далелҳои равшани хеш ба ҳидояти шумо омад ва шумо, ситамкорон, пас аз ӯ ба гӯсола имон овардед.
وَإِذْ أَخَذْنَا مِيثَٰقَكُمْ وَرَفَعْنَا فَوْقَكُمُ ٱلطُّورَ خُذُوا۟ مَآ ءَاتَيْنَٰكُم بِقُوَّةٍۢ وَٱسْمَعُوا۟ ۖ قَالُوا۟ سَمِعْنَا وَعَصَيْنَا وَأُشْرِبُوا۟ فِى قُلُوبِهِمُ ٱلْعِجْلَ بِكُفْرِهِمْ ۚ قُلْ بِئْسَمَا يَأْمُرُكُم بِهِۦٓ إِيمَٰنُكُمْ إِن كُنتُم مُّؤْمِنِينَ
Ва бо шумо паймон бастем ва кӯҳи Турро бар болои саратон бидоштем. Акнун он чиро, ки бароятон фиристодем, ба имони устувор бигиред ва каломи Худоро бишнавед. Гуфтанд: «Шунидем ва ба кор нахоҳем баст». Бар асари куфрашон ишқи гӯсола дар дилашон ҷой гирифт. Бигӯ: «Агар ба он чӣ мегӯед, бовар доред, боваратон шуморо ба бадкорӣ вомедорад!».
قُلْ إِن كَانَتْ لَكُمُ ٱلدَّارُ ٱلْءَاخِرَةُ عِندَ ٱللَّهِ خَالِصَةًۭ مِّن دُونِ ٱلنَّاسِ فَتَمَنَّوُا۟ ٱلْمَوْتَ إِن كُنتُمْ صَٰدِقِينَ
Бигӯ: «Агар рост мегӯед, ки олами охират назди Худо махсуси шумост, на мардуми дигар, пас орзуи марг кунед».
وَلَن يَتَمَنَّوْهُ أَبَدًۢا بِمَا قَدَّمَتْ أَيْدِيهِمْ ۗ وَٱللَّهُ عَلِيمٌۢ بِٱلظَّٰلِمِينَ
Вале ба сабаби аъмоле, ки кардаанд, ҳаргиз орзуи марг нахоҳанд кард. Худо ситамкоронро мешиносад!
وَلَتَجِدَنَّهُمْ أَحْرَصَ ٱلنَّاسِ عَلَىٰ حَيَوٰةٍۢ وَمِنَ ٱلَّذِينَ أَشْرَكُوا۟ ۚ يَوَدُّ أَحَدُهُمْ لَوْ يُعَمَّرُ أَلْفَ سَنَةٍۢ وَمَا هُوَ بِمُزَحْزِحِهِۦ مِنَ ٱلْعَذَابِ أَن يُعَمَّرَ ۗ وَٱللَّهُ بَصِيرٌۢ بِمَا يَعْمَلُونَ
Ононро аз мардуми дигар, ҳатто мушрикон, ба зиндагии инҷаҳонӣ ҳаристар хоҳӣ ёфт ва баъзе аз кофирон дӯст доранд, ки ҳазор сол дар ин дунё зист кунанд ва ин умри дароз азоби Худоро аз онон дур нахоҳад сохт, ки Худо ба аъмолашон биност!
قُلْ مَن كَانَ عَدُوًّۭا لِّجِبْرِيلَ فَإِنَّهُۥ نَزَّلَهُۥ عَلَىٰ قَلْبِكَ بِإِذْنِ ٱللَّهِ مُصَدِّقًۭا لِّمَا بَيْنَ يَدَيْهِ وَهُدًۭى وَبُشْرَىٰ لِلْمُؤْمِنِينَ
Ба онон, ки ба Ҷабраил душманӣ меварзанд, бигӯ: «Ӯст, ки ин оётро ба фармони Худо бар дили ту нозил кардааст то китобҳои дигари осмониро тасдиқ кунад ва барои мӯъминон раҳнамун ва хушхабар бошад».
مَن كَانَ عَدُوًّۭا لِّلَّهِ وَمَلَٰٓئِكَتِهِۦ وَرُسُلِهِۦ وَجِبْرِيلَ وَمِيكَىٰلَ فَإِنَّ ٱللَّهَ عَدُوٌّۭ لِّلْكَٰفِرِينَ
Ҳарки душмани Ходою фариштагони ӯ ва паёмбаронаш ваҶабраилу Микоил бошад, Худо ҳам душмани кофирон аст!
وَلَقَدْ أَنزَلْنَآ إِلَيْكَ ءَايَٰتٍۭ بَيِّنَٰتٍۢ ۖ وَمَا يَكْفُرُ بِهَآ إِلَّا ٱلْفَٰسِقُونَ
Бе шакк бар ту оёте равшан нозил кардем. Ба ҷуз фосиқон касе мункири онҳо нахоҳад шуд.
أَوَكُلَّمَا عَٰهَدُوا۟ عَهْدًۭا نَّبَذَهُۥ فَرِيقٌۭ مِّنْهُم ۚ بَلْ أَكْثَرُهُمْ لَا يُؤْمِنُونَ
Оё ҳар бор, ки бо Худо паймоне бастанд, гурӯҳе аз эшон паймоншиканӣ карданд? Оре, бештарашон имон нахоҳанд овард!
وَلَمَّا جَآءَهُمْ رَسُولٌۭ مِّنْ عِندِ ٱللَّهِ مُصَدِّقٌۭ لِّمَا مَعَهُمْ نَبَذَ فَرِيقٌۭ مِّنَ ٱلَّذِينَ أُوتُوا۟ ٱلْكِتَٰبَ كِتَٰبَ ٱللَّهِ وَرَآءَ ظُهُورِهِمْ كَأَنَّهُمْ لَا يَعْلَمُونَ
Ва гурӯҳе аз аҳли китоб чун паёмбаре аз ҷониби Худо бар онон фиристода шуд, ки ба китобашон ҳам гувоҳӣ медод, китоби Худоро, чунон ки гӯӣ аз он бехабаранд, паси пушт афканданд.
وَٱتَّبَعُوا۟ مَا تَتْلُوا۟ ٱلشَّيَٰطِينُ عَلَىٰ مُلْكِ سُلَيْمَٰنَ ۖ وَمَا كَفَرَ سُلَيْمَٰنُ وَلَٰكِنَّ ٱلشَّيَٰطِينَ كَفَرُوا۟ يُعَلِّمُونَ ٱلنَّاسَ ٱلسِّحْرَ وَمَآ أُنزِلَ عَلَى ٱلْمَلَكَيْنِ بِبَابِلَ هَٰرُوتَ وَمَٰرُوتَ ۚ وَمَا يُعَلِّمَانِ مِنْ أَحَدٍ حَتَّىٰ يَقُولَآ إِنَّمَا نَحْنُ فِتْنَةٌۭ فَلَا تَكْفُرْ ۖ فَيَتَعَلَّمُونَ مِنْهُمَا مَا يُفَرِّقُونَ بِهِۦ بَيْنَ ٱلْمَرْءِ وَزَوْجِهِۦ ۚ وَمَا هُم بِضَآرِّينَ بِهِۦ مِنْ أَحَدٍ إِلَّا بِإِذْنِ ٱللَّهِ ۚ وَيَتَعَلَّمُونَ مَا يَضُرُّهُمْ وَلَا يَنفَعُهُمْ ۚ وَلَقَدْ عَلِمُوا۟ لَمَنِ ٱشْتَرَىٰهُ مَا لَهُۥ فِى ٱلْءَاخِرَةِ مِنْ خَلَٰقٍۢ ۚ وَلَبِئْسَ مَا شَرَوْا۟ بِهِۦٓ أَنفُسَهُمْ ۚ لَوْ كَانُوا۟ يَعْلَمُونَ
Ва ба афсуне, ки девҳо ба рӯзгори подшоҳии Сулаймон мехонданд, пайравӣ карданд ва Сулаймон кофир набуд, вале девҳо, ки мардумро ҷодугарӣ меомӯхтанд, кофир буданд. Ва низ он афсун, ки бар он ду фаришта ---- Ҳорут ва Морут дар Бобул нозил шуд, дар ҳоле, ки, он ду ба ҳар кас, ки ҷодугарӣ меомӯхтанд, мегуфтанд: «Кори мо фитна аст, мабод кофир шавӣ». Ва мардум аз он ду ҷодуҳе меомӯхтанд, ки метавонистанд миёни зану шӯй ҷудоӣ афкананд ва онон ҷуз ба фармони Худо ба касе зиёне намерасониданд ва он чӣ мардум меомӯхтанд, ба онҳо зиён мерасонид, на суд. Ва худ медонистанд, ки харидорони он ҷодуро дар охират баҳрае нест. Худро ба бад чизе фурӯхтанд, агар медонистанд!
وَلَوْ أَنَّهُمْ ءَامَنُوا۟ وَٱتَّقَوْا۟ لَمَثُوبَةٌۭ مِّنْ عِندِ ٱللَّهِ خَيْرٌۭ ۖ لَّوْ كَانُوا۟ يَعْلَمُونَ
Агар имон оварда ва парҳезгор шуда будаанд, подоше, ки аз ҷониби Худо ба онҳо дода мешуд, аз ҳар чизи дигаре некӯтар мебуд, агар медонистанд!
يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ لَا تَقُولُوا۟ رَٰعِنَا وَقُولُوا۟ ٱنظُرْنَا وَٱسْمَعُوا۟ ۗ وَلِلْكَٰفِرِينَ عَذَابٌ أَلِيمٌۭ
Эй касоне, ки имон овардаед, магӯед «роъино», бигӯед «унзурно». Ва гӯш фаро доред, ки барои кофирон азобест дардовар!
مَّا يَوَدُّ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ مِنْ أَهْلِ ٱلْكِتَٰبِ وَلَا ٱلْمُشْرِكِينَ أَن يُنَزَّلَ عَلَيْكُم مِّنْ خَيْرٍۢ مِّن رَّبِّكُمْ ۗ وَٱللَّهُ يَخْتَصُّ بِرَحْمَتِهِۦ مَن يَشَآءُ ۚ وَٱللَّهُ ذُو ٱلْفَضْلِ ٱلْعَظِيمِ
Аз миёни аҳли китоб онон, ки кофир шуданд ва низ мушрикон дӯст намедоранд, ки аз ҷониби Парвардигор ба шумо хайре бирасад. Ва ҳол он ки Худо ҳар касро, ки бихоҳад, ба бахшоиши хеш махсус медорад. Худо соҳиби фазле бузург аст!
۞ مَا نَنسَخْ مِنْ ءَايَةٍ أَوْ نُنسِهَا نَأْتِ بِخَيْرٍۢ مِّنْهَآ أَوْ مِثْلِهَآ ۗ أَلَمْ تَعْلَمْ أَنَّ ٱللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَىْءٍۢ قَدِيرٌ
Ҳеҷ ояеро бекор ё тарк намекунем, магар он ки беҳтар аз он ё ҳамонанди онро меоварем. Оё намедонӣ, ки Худо бар коре тавоност?
أَلَمْ تَعْلَمْ أَنَّ ٱللَّهَ لَهُۥ مُلْكُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ ۗ وَمَا لَكُم مِّن دُونِ ٱللَّهِ مِن وَلِىٍّۢ وَلَا نَصِيرٍ
Оё намедонӣ, ки Худо фармонравои осмонҳо ва замин аст ва шуморо ҷуз ӯ ёреву ёваре нест?
أَمْ تُرِيدُونَ أَن تَسْـَٔلُوا۟ رَسُولَكُمْ كَمَا سُئِلَ مُوسَىٰ مِن قَبْلُ ۗ وَمَن يَتَبَدَّلِ ٱلْكُفْرَ بِٱلْإِيمَٰنِ فَقَدْ ضَلَّ سَوَآءَ ٱلسَّبِيلِ
Оё мехоҳед аз паёмбари худ чизе бипурсед, ҳамчунон қи қавми Мӯсо пеш аз ин аз Мӯсо пурсида буданд? Он кас, ки куфрро ба ҷои имон ихтиёр кунад, чун касест, ки роҳи ростро гум карда бошад.
وَدَّ كَثِيرٌۭ مِّنْ أَهْلِ ٱلْكِتَٰبِ لَوْ يَرُدُّونَكُم مِّنۢ بَعْدِ إِيمَٰنِكُمْ كُفَّارًا حَسَدًۭا مِّنْ عِندِ أَنفُسِهِم مِّنۢ بَعْدِ مَا تَبَيَّنَ لَهُمُ ٱلْحَقُّ ۖ فَٱعْفُوا۟ وَٱصْفَحُوا۟ حَتَّىٰ يَأْتِىَ ٱللَّهُ بِأَمْرِهِۦٓ ۗ إِنَّ ٱللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَىْءٍۢ قَدِيرٌۭ
Бисёре аз аҳли китоб, бо он ки ҳақиқат бар онҳо ошкор шуда, аз рӯӣ ҳасад дӯст доранд шуморо пас аз имон оварданатон ба куфр бозгардонанд. Афв кунед ва гузашт кунед то Худо фармонашро биёварад, ки ӯ бар ҳар коре тавоност!
وَأَقِيمُوا۟ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتُوا۟ ٱلزَّكَوٰةَ ۚ وَمَا تُقَدِّمُوا۟ لِأَنفُسِكُم مِّنْ خَيْرٍۢ تَجِدُوهُ عِندَ ٱللَّهِ ۗ إِنَّ ٱللَّهَ بِمَا تَعْمَلُونَ بَصِيرٌۭ
Намоз бигзоред ва закот бидиҳед! Ҳар некиро, ки пешопеш барои худ равона медоред, назди Худояш хоҳед ёфт. Албатта Худо ба корҳое, ки мекунед биност.
وَقَالُوا۟ لَن يَدْخُلَ ٱلْجَنَّةَ إِلَّا مَن كَانَ هُودًا أَوْ نَصَٰرَىٰ ۗ تِلْكَ أَمَانِيُّهُمْ ۗ قُلْ هَاتُوا۟ بُرْهَٰنَكُمْ إِن كُنتُمْ صَٰدِقِينَ
Гуфтанд: «Ғайра яҳудон ва тарсоён касе ба биҳишт намеравад». Ин орзуи онҳост. Бигӯ: «Агар рост мегӯед, ҳуҷҷати хеш биёваред».
بَلَىٰ مَنْ أَسْلَمَ وَجْهَهُۥ لِلَّهِ وَهُوَ مُحْسِنٌۭ فَلَهُۥٓ أَجْرُهُۥ عِندَ رَبِّهِۦ وَلَا خَوْفٌ عَلَيْهِمْ وَلَا هُمْ يَحْزَنُونَ
Оре, ҳар касс, ки аз рӯи ихлос рӯ ба Худо кунад ва некӯкор бувад, муздашро аз Парвардигораш хоҳад гирифт ва дастхуши биму андӯҳ намешавад.
وَقَالَتِ ٱلْيَهُودُ لَيْسَتِ ٱلنَّصَٰرَىٰ عَلَىٰ شَىْءٍۢ وَقَالَتِ ٱلنَّصَٰرَىٰ لَيْسَتِ ٱلْيَهُودُ عَلَىٰ شَىْءٍۢ وَهُمْ يَتْلُونَ ٱلْكِتَٰبَ ۗ كَذَٰلِكَ قَالَ ٱلَّذِينَ لَا يَعْلَمُونَ مِثْلَ قَوْلِهِمْ ۚ فَٱللَّهُ يَحْكُمُ بَيْنَهُمْ يَوْمَ ٱلْقِيَٰمَةِ فِيمَا كَانُوا۟ فِيهِ يَخْتَلِفُونَ
Бо ин ки китоб Худоро мехонанд, яҳудон гуфтанд, ки тарсоён барҳақ наянд ва тарсоён гуфтанд, ки яҳудон барҳақ наянд. Ҳамчунин онҳо, ки ноогоҳанд сухане чун сухани онон гӯянд. Худо дар рӯзи қиёмат дар бораи он чӣ дар он ихтилоф мекунанд, миёнашон ҳукм хоҳад кард.
وَمَنْ أَظْلَمُ مِمَّن مَّنَعَ مَسَٰجِدَ ٱللَّهِ أَن يُذْكَرَ فِيهَا ٱسْمُهُۥ وَسَعَىٰ فِى خَرَابِهَآ ۚ أُو۟لَٰٓئِكَ مَا كَانَ لَهُمْ أَن يَدْخُلُوهَآ إِلَّا خَآئِفِينَ ۚ لَهُمْ فِى ٱلدُّنْيَا خِزْىٌۭ وَلَهُمْ فِى ٱلْءَاخِرَةِ عَذَابٌ عَظِيمٌۭ
Кист ситамкортар аз он ки нагзошт, ки номи Худо дар масҷидҳои Худо бурда шавад ва дар вайрон сохтани онҳо кӯшид? Раво нест дар он масҷидҳо ҷуз бимноку тарсон дохил шаванд ва насибашон дар дунё хорӣ ва дар охират азобе бузург аст!
وَلِلَّهِ ٱلْمَشْرِقُ وَٱلْمَغْرِبُ ۚ فَأَيْنَمَا تُوَلُّوا۟ فَثَمَّ وَجْهُ ٱللَّهِ ۚ إِنَّ ٱللَّهَ وَٰسِعٌ عَلِيمٌۭ
Машриқу Мағриб аз они Худост. Пас бар ҳар ҷое, ки рӯ кунед ҳамон ҷо рӯ ба Худост. Худо васеъ раҳмат ва доност!
وَقَالُوا۟ ٱتَّخَذَ ٱللَّهُ وَلَدًۭا ۗ سُبْحَٰنَهُۥ ۖ بَل لَّهُۥ مَا فِى ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ ۖ كُلٌّۭ لَّهُۥ قَٰنِتُونَ
Гуфтанд, ки Худо фарзанде гирифт. По каст ӯ! Балки ҳар чӣ дар осмонҳо ва замин аст, аз они Ӯст ва ҳама фармонбардори Ӯянд!
بَدِيعُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ ۖ وَإِذَا قَضَىٰٓ أَمْرًۭا فَإِنَّمَا يَقُولُ لَهُۥ كُن فَيَكُونُ
Офаринандаи осмонҳо ва замин аст. Чун иродаи чизе кунад, мегӯянд: «Мавҷуд шав!» Ва он чиз мавҷуд мешавад.
وَقَالَ ٱلَّذِينَ لَا يَعْلَمُونَ لَوْلَا يُكَلِّمُنَا ٱللَّهُ أَوْ تَأْتِينَآ ءَايَةٌۭ ۗ كَذَٰلِكَ قَالَ ٱلَّذِينَ مِن قَبْلِهِم مِّثْلَ قَوْلِهِمْ ۘ تَشَٰبَهَتْ قُلُوبُهُمْ ۗ قَدْ بَيَّنَّا ٱلْءَايَٰتِ لِقَوْمٍۢ يُوقِنُونَ
Нодонон гуфтанд: «Чаро Худо бо мо сухан намегӯяд? Ё мӯъҷизае бар мо намеояд?» Пешиниёнашон низ чунин суханоне мегуфтанд. Дилҳошон ҳамонанди якдигар аст. Мо барои онон, ки ба яқии расидаанд, оятҳоро баён кардаем.
إِنَّآ أَرْسَلْنَٰكَ بِٱلْحَقِّ بَشِيرًۭا وَنَذِيرًۭا ۖ وَلَا تُسْـَٔلُ عَنْ أَصْحَٰبِ ٱلْجَحِيمِ
Мо туро ки сазовор ҳастӣ ба паёмбари фиристодем то мужда диҳӣ ва битарсонӣ. Ту масъули дӯзахиён нестӣ.
وَلَن تَرْضَىٰ عَنكَ ٱلْيَهُودُ وَلَا ٱلنَّصَٰرَىٰ حَتَّىٰ تَتَّبِعَ مِلَّتَهُمْ ۗ قُلْ إِنَّ هُدَى ٱللَّهِ هُوَ ٱلْهُدَىٰ ۗ وَلَئِنِ ٱتَّبَعْتَ أَهْوَآءَهُم بَعْدَ ٱلَّذِى جَآءَكَ مِنَ ٱلْعِلْمِ ۙ مَا لَكَ مِنَ ٱللَّهِ مِن وَلِىٍّۢ وَلَا نَصِيرٍ
Яҳудон ва тарсоён аз ту хушнуд намешаванд, то ба динашон гардан ниҳӣ. Бигӯ: «Ҳидоят ҳидоятест, ки аз ҷониби Худо бошад». Агар аз он пас ки Худо туро огоҳ кардааст, ба хостаи онҳо пайравӣ кунӣ, ҳеҷ ёвару мададгоре аз ҷониби ӯ нахоҳӣ дошт.
ٱلَّذِينَ ءَاتَيْنَٰهُمُ ٱلْكِتَٰبَ يَتْلُونَهُۥ حَقَّ تِلَاوَتِهِۦٓ أُو۟لَٰٓئِكَ يُؤْمِنُونَ بِهِۦ ۗ وَمَن يَكْفُرْ بِهِۦ فَأُو۟لَٰٓئِكَ هُمُ ٱلْخَٰسِرُونَ
Касоне, ки китобашон додаем ва ончунон, ки сазовор аст, онро мехонанд, ба он имон доранд ва онон, ки ба он имон надоранд, зиёнкорон ҳастанд.
يَٰبَنِىٓ إِسْرَٰٓءِيلَ ٱذْكُرُوا۟ نِعْمَتِىَ ٱلَّتِىٓ أَنْعَمْتُ عَلَيْكُمْ وَأَنِّى فَضَّلْتُكُمْ عَلَى ٱلْعَٰلَمِينَ
Эй банӣ-Исроил, аз он неъмате, ки бар шумо ато кардам ва шуморо бар ҷаҳониён бартарӣ бузургӣ додам ёд кунед!
وَٱتَّقُوا۟ يَوْمًۭا لَّا تَجْزِى نَفْسٌ عَن نَّفْسٍۢ شَيْـًۭٔا وَلَا يُقْبَلُ مِنْهَا عَدْلٌۭ وَلَا تَنفَعُهَا شَفَٰعَةٌۭ وَلَا هُمْ يُنصَرُونَ
Ва битарсед аз рӯзе, ки ҳеҷ касс дигареро ба кор наёяд ва фидя пазируфта нашавад ва шафоъат нафъашон накунад ва касе ба ёрияшон барнахезад!
۞ وَإِذِ ٱبْتَلَىٰٓ إِبْرَٰهِۦمَ رَبُّهُۥ بِكَلِمَٰتٍۢ فَأَتَمَّهُنَّ ۖ قَالَ إِنِّى جَاعِلُكَ لِلنَّاسِ إِمَامًۭا ۖ قَالَ وَمِن ذُرِّيَّتِى ۖ قَالَ لَا يَنَالُ عَهْدِى ٱلظَّٰلِمِينَ
Ва Парвардигори Иброҳим ӯро ба коре чанд биёзмуд ва Иброҳим он корҳоро ба тамомӣ ба анҷом расонид. Худо гуфт: «Ман туро пешвои мардум гардонидам». Гуфт: «Фарзандонамро ҳам?» Гуфт: «Паймони ман ситамкоронро дар бар нагирад».
وَإِذْ جَعَلْنَا ٱلْبَيْتَ مَثَابَةًۭ لِّلنَّاسِ وَأَمْنًۭا وَٱتَّخِذُوا۟ مِن مَّقَامِ إِبْرَٰهِۦمَ مُصَلًّۭى ۖ وَعَهِدْنَآ إِلَىٰٓ إِبْرَٰهِۦمَ وَإِسْمَٰعِيلَ أَن طَهِّرَا بَيْتِىَ لِلطَّآئِفِينَ وَٱلْعَٰكِفِينَ وَٱلرُّكَّعِ ٱلسُّجُودِ
Ва Каъбаро ҷои ҷамъшавӣ ва макони амни мардум сохтем. Мақоми Иброҳимро намозгоҳи хеш гиред. Мо Иброҳим ва Исмоилро фармон додем: «Хонаи маро барои тавофкунандагону муқимон ва рокеъону соҷидон покиза доред!»
وَإِذْ قَالَ إِبْرَٰهِۦمُ رَبِّ ٱجْعَلْ هَٰذَا بَلَدًا ءَامِنًۭا وَٱرْزُقْ أَهْلَهُۥ مِنَ ٱلثَّمَرَٰتِ مَنْ ءَامَنَ مِنْهُم بِٱللَّهِ وَٱلْيَوْمِ ٱلْءَاخِرِ ۖ قَالَ وَمَن كَفَرَ فَأُمَتِّعُهُۥ قَلِيلًۭا ثُمَّ أَضْطَرُّهُۥٓ إِلَىٰ عَذَابِ ٱلنَّارِ ۖ وَبِئْسَ ٱلْمَصِيرُ
Ва Иброҳим гуфт: «Эй Парвардигори ман, ин шаҳрро ҷои амне гардон ва аз мардумаш ононро, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон доранд, аз ҳар Самара рӯзӣ соз!» Гуфтем: «Ҳар кас, ки кофир шуд, ӯро андак бархӯрдорӣ диҳам, сипас ба азоби оташ дучораш гардонам», ки бад ҷои бозгаштест!
وَإِذْ يَرْفَعُ إِبْرَٰهِۦمُ ٱلْقَوَاعِدَ مِنَ ٱلْبَيْتِ وَإِسْمَٰعِيلُ رَبَّنَا تَقَبَّلْ مِنَّآ ۖ إِنَّكَ أَنتَ ٱلسَّمِيعُ ٱلْعَلِيمُ
Ва чун Иброҳим ва Исроил пояҳои хонаро боло бурданд, гуфтанд: «Эй Парвардигори мо, аз мо бипазир, ки ту шунаво ва доно ҳастӣ!»
رَبَّنَا وَٱجْعَلْنَا مُسْلِمَيْنِ لَكَ وَمِن ذُرِّيَّتِنَآ أُمَّةًۭ مُّسْلِمَةًۭ لَّكَ وَأَرِنَا مَنَاسِكَنَا وَتُبْ عَلَيْنَآ ۖ إِنَّكَ أَنتَ ٱلتَّوَّابُ ٱلرَّحِيمُ
Эй Парвардигори мо, моро фармонбардори хеш соз ва низ фарзандони моро фармонбардори хеш гардон ва тариқаи ҳаҷамонро ба мо биёмуз ва тавбаи мо бипазир, ки ту тавбапазиранда ва меҳрубон ҳастӣ!
رَبَّنَا وَٱبْعَثْ فِيهِمْ رَسُولًۭا مِّنْهُمْ يَتْلُوا۟ عَلَيْهِمْ ءَايَٰتِكَ وَيُعَلِّمُهُمُ ٱلْكِتَٰبَ وَٱلْحِكْمَةَ وَيُزَكِّيهِمْ ۚ إِنَّكَ أَنتَ ٱلْعَزِيزُ ٱلْحَكِيمُ
Эй Парвардигори мо, аз миёнашон паёмбаре бар онҳо бифирист, то оёти туро бар онҳо бихонад ва ба онҳо китобу ҳикмат биёмӯзад ва онҳоро покиза созад ва ту пирӯзманду ҳаким ҳастӣ!
وَمَن يَرْغَبُ عَن مِّلَّةِ إِبْرَٰهِۦمَ إِلَّا مَن سَفِهَ نَفْسَهُۥ ۚ وَلَقَدِ ٱصْطَفَيْنَٰهُ فِى ٱلدُّنْيَا ۖ وَإِنَّهُۥ فِى ٱلْءَاخِرَةِ لَمِنَ ٱلصَّٰلِحِينَ
Чӣ касе аз дини Иброҳим рӯй барметобад, ҷуз он ки худро бехирад сохта бошад? Иброҳимро дар дунё баргузидем ва ӯ дар охират низ аз шоистагон аст.
إِذْ قَالَ لَهُۥ رَبُّهُۥٓ أَسْلِمْ ۖ قَالَ أَسْلَمْتُ لِرَبِّ ٱلْعَٰلَمِينَ
Ва Парвардигораш ба ӯ гуфт: «Таслим шав». Гуфт: «Ман дар баробари Парвардигори ҷаҳониён таслимам».
وَوَصَّىٰ بِهَآ إِبْرَٰهِۦمُ بَنِيهِ وَيَعْقُوبُ يَٰبَنِىَّ إِنَّ ٱللَّهَ ٱصْطَفَىٰ لَكُمُ ٱلدِّينَ فَلَا تَمُوتُنَّ إِلَّا وَأَنتُم مُّسْلِمُونَ
Иброҳим ба фарзандони худ васият кард, ки дар баробари Худо таслим шаванд. Ва Яъқуб ба фарзандони худ гуфт: «Эй фарзандони ман, Худо барои шумо ин динро баргузидааст, мабод бимиред, бе он ки ба он гардан ниҳода бошед».
أَمْ كُنتُمْ شُهَدَآءَ إِذْ حَضَرَ يَعْقُوبَ ٱلْمَوْتُ إِذْ قَالَ لِبَنِيهِ مَا تَعْبُدُونَ مِنۢ بَعْدِى قَالُوا۟ نَعْبُدُ إِلَٰهَكَ وَإِلَٰهَ ءَابَآئِكَ إِبْرَٰهِۦمَ وَإِسْمَٰعِيلَ وَإِسْحَٰقَ إِلَٰهًۭا وَٰحِدًۭا وَنَحْنُ لَهُۥ مُسْلِمُونَ
Оё шумо ҳозир будед, он гоҳ, ки марги Яъқуб фаро расид ва ба фарзандонаш гуфт: «Пас аз ман чӣ чизро мепарастед?» Гуфтанд: «Худои ту ва Худои аҷдоди ту --- Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқро ба яктоӣ хоҳем парастид ва дар баробари Ӯ таслим ҳастем».
تِلْكَ أُمَّةٌۭ قَدْ خَلَتْ ۖ لَهَا مَا كَسَبَتْ وَلَكُم مَّا كَسَبْتُمْ ۖ وَلَا تُسْـَٔلُونَ عَمَّا كَانُوا۟ يَعْمَلُونَ
Онҳо умматҳое будаанд, ки акнун даргузаштаанд. Он чӣ карда буданд, аз они онҳост ва он чӣ шумо кунед, аз они шумост ва шуморо аз аъмоле, ки онҳо мекардаанд, намепурсанд.
وَقَالُوا۟ كُونُوا۟ هُودًا أَوْ نَصَٰرَىٰ تَهْتَدُوا۟ ۗ قُلْ بَلْ مِلَّةَ إِبْرَٰهِۦمَ حَنِيفًۭا ۖ وَمَا كَانَ مِنَ ٱلْمُشْرِكِينَ
Гуфтанд: «Яҳудӣ ё насронӣ шавед, то ба роҳи рост афтед». «Бигӯ: Мо дини Иброҳимро баргузидем ва ӯ мушрик набуд».
قُولُوٓا۟ ءَامَنَّا بِٱللَّهِ وَمَآ أُنزِلَ إِلَيْنَا وَمَآ أُنزِلَ إِلَىٰٓ إِبْرَٰهِۦمَ وَإِسْمَٰعِيلَ وَإِسْحَٰقَ وَيَعْقُوبَ وَٱلْأَسْبَاطِ وَمَآ أُوتِىَ مُوسَىٰ وَعِيسَىٰ وَمَآ أُوتِىَ ٱلنَّبِيُّونَ مِن رَّبِّهِمْ لَا نُفَرِّقُ بَيْنَ أَحَدٍۢ مِّنْهُمْ وَنَحْنُ لَهُۥ مُسْلِمُونَ
Бигӯед: «Мо ба Худо ва оёте, ки бар мо нозил шуда ва низ он чӣ бар Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва сибтҳо нозил омада ва низ он чӣ ба Мӯсо ва Исо фиристода шуда ва он чӣ бар паёмбарони дигар аз ҷониби Парвардигорашон омадааст, имон овардем. Миёни ҳеҷ як аз паёмбарон фарқе намениҳем ва ҳама дар баробари Худо таслим ҳастем».
فَإِنْ ءَامَنُوا۟ بِمِثْلِ مَآ ءَامَنتُم بِهِۦ فَقَدِ ٱهْتَدَوا۟ ۖ وَّإِن تَوَلَّوْا۟ فَإِنَّمَا هُمْ فِى شِقَاقٍۢ ۖ فَسَيَكْفِيكَهُمُ ٱللَّهُ ۚ وَهُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلْعَلِيمُ
Агар ба он чӣ шумо имон овардед, онон низ имон биёваранд, ҳидоят ёфтаанд. Аммо агар рӯй бартофтанд, пас бо ту дар душманиву хилофанд ва дар баробари онҳо Худо туро кофист, ки Ӯ шунаво ва доност!
صِبْغَةَ ٱللَّهِ ۖ وَمَنْ أَحْسَنُ مِنَ ٱللَّهِ صِبْغَةًۭ ۖ وَنَحْنُ لَهُۥ عَٰبِدُونَ
Ин ранги Худост ва ранги чӣ касе аз ранги Худо беҳтар аст. Мо парастандагони Ӯ ҳастем.
قُلْ أَتُحَآجُّونَنَا فِى ٱللَّهِ وَهُوَ رَبُّنَا وَرَبُّكُمْ وَلَنَآ أَعْمَٰلُنَا وَلَكُمْ أَعْمَٰلُكُمْ وَنَحْنُ لَهُۥ مُخْلِصُونَ
Бигӯ: «Оё дар бораи Худо бо мо баҳсу муҷодала мекунед? Ӯ Парвардигори мову шумост. Аъмоли мо азони мо ва аъмоли шумо азони шумост ва мо Ӯро ба покдилӣ мепарастем».
أَمْ تَقُولُونَ إِنَّ إِبْرَٰهِۦمَ وَإِسْمَٰعِيلَ وَإِسْحَٰقَ وَيَعْقُوبَ وَٱلْأَسْبَاطَ كَانُوا۟ هُودًا أَوْ نَصَٰرَىٰ ۗ قُلْ ءَأَنتُمْ أَعْلَمُ أَمِ ٱللَّهُ ۗ وَمَنْ أَظْلَمُ مِمَّن كَتَمَ شَهَٰدَةً عِندَهُۥ مِنَ ٱللَّهِ ۗ وَمَا ٱللَّهُ بِغَٰفِلٍ عَمَّا تَعْمَلُونَ
Оё мегӯед, ки Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва сибтҳо яҳудӣ ё насронӣ буданд? Бигӯ: «Оё шумо огоҳтаред ё Худо? Ситамкортар аз касе, ки гувоҳии худро аз Худо пинҳон мекунад, кист? Ва Худованд аз корҳое, ки мекунед, ғофил нест».
تِلْكَ أُمَّةٌۭ قَدْ خَلَتْ ۖ لَهَا مَا كَسَبَتْ وَلَكُم مَّا كَسَبْتُمْ ۖ وَلَا تُسْـَٔلُونَ عَمَّا كَانُوا۟ يَعْمَلُونَ
Онон умматҳое будаанд, ки акнун даргузаштаанд. Он чӣ онҳо карданд, азони онҳост ва он чӣ шумо мекунед, азони шумост ва шуморо аз аъмоли онҳо намепурсанд.