بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон!
قُلْ أَعُوذُ بِرَبِّ ٱلنَّاسِ
Бигӯ: «Ба Парвардигори мардум паноҳ мебарам,
مَلِكِ ٱلنَّاسِ
фармонравои мардум,
إِلَٰهِ ٱلنَّاسِ
Худои мардум,
مِن شَرِّ ٱلْوَسْوَاسِ ٱلْخَنَّاسِ
аз шарру васвасагари пинҳоншаванда,
ٱلَّذِى يُوَسْوِسُ فِى صُدُورِ ٱلنَّاسِ
он кӣ дар дилҳои мардум васваса мекунад,
مِنَ ٱلْجِنَّةِ وَٱلنَّاسِ
хоҳ аз ҷинниён бошад ё аз одамиён!»